Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мувофиқи ин фармон, аз 1 сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 265 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 540 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар гардид.

Маоши вазифавии кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Маоши вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шуд.

Маоши заминавӣ ҷиҳати ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 600 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 540 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;

Андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 15,4 фоиз ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 13,5 фоиз зиёд карда шуда, мутаносибан ба 180 сомонӣ ва 850 сомонӣ баробар шуд.

Андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешаванд.

Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ) ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҶТ» таъин гардидаанд, 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда шуд.

Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии то 1 январи соли 2018 таъингардидаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда мешаванд;

Сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои соли 2017 ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда мешавад.