Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Фармони Президенти Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018 санаи 15 январи соли 2019 ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.
Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Гуфта мешавад, муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» танзим гардида, минбаъд муқаррароти он ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда мешавад.
Мораторияи эълоншуда аз ҷониби президент ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ 1 ҳазору 930 субъекти истеҳсолотро фаро мегирад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро ба нашр расонид, ки аз ҳама гуна навъи санҷишҳо дар мудати солҳои 2019-2020 озод карда мешаванд. Дар Феҳристи мазкур 1 ҳазору 930 корхонаҳои истеҳсолӣ зикр шудааст.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста