Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дароз кардани муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то 15 феврали соли 2020 қарор ба имзо расонид, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Қаблан манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумат изҳор дошта буд, ки муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо ID-шиносномаҳо то 31 декабри соли равон дароз карда мешавад.
“Лекин Президенти мамлакат тасмим гирифт, ки ин муҳлат то 15 феврали соли 2020 дароз карда шавад”, - қайд кард манбаъ.
Қаблан вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки бо вуҷуди то соати 22:00 дароз кардани вақтии кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, онҳо барои то муҳлати муқарраршуда - 15 август ба ҳамаи шаҳрвандон додани ID-шиноснома фурсат намеёбанд.
Вазир қайд карда буд, ки шиносномаҳои намунаи соли 1996 то охири муҳлаташон амал мекунанд, зеро амали онҳоро касе бекор накардааст.
“Шиносномаҳоми намунаи соли 1996 амалкунандаанд, инро касе бекор накардааст. Бо дастури ҳукумат, танҳо муштариёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо ID-шиноснома дубора ба қайд гиранд”, - таъкид дошта буд вазир.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки дар ҳолати саривақт иҷро нагардидани муҳлати қарор дар бораи ивази шиноснома ва сабти симкорт бо ID-шиносномаҳо, муҳлати он метавонад дароз карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд мегирифтанд.
Дар ин робита дар шуъбаҳои шиносномадиҳӣ навбатпойиҳои сершумору тӯлонӣ ба вуҷуд омад. ВКД расман изҳор намуд, ки дар як моҳ ҳамагӣ 50 ҳазор ID-шиноснома дода метавонад. Баъдан ВКД вақти кории шуъбаҳои шиносномадиҳиро то соати 22:00 дароз кард, то ки шаҳрвандон ба сабти дубораи симкортҳои худ то 15 август фурсат ёбанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе задержали группу наркоторговцев с 127 кг опиума и гашиша
Марк Цукерберг: Facebook и Instagram отменят фактчекинг и «восстановят свободу выражения мнений»
Число жертв землетрясения в Тибете возросло до 126 человек. Эмомали Рахмон выразил соболезнования главе КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 8 января 2025 года
Бердвотчеры: Зачем люди наблюдают за птицами?
В Душанбе открылся «Торговый дом Узбекистана» по строительным материалам
Дом, где все продумано до мелочей. В Рудаки строят дом премиум-класса
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки: кто лишился постов, а кто получил новое кресло?
В Узбекистане осудили воевавших в Украине на стороне России
Дебют на Кубке Азии, Олимпиада в Париже, ЧМ в Душанбе. Чем запомнился таджикский спорт в 2024 году?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста