Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 2-юми апрел як қатор қонуну кодексҳоро ба имзо расонид, ки ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид гардида буданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла раисҷумҳур Кодекси об, Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ”-ро имзо кард.
“Қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти хизматрасон, инчунин амалӣ кардани фаъолиятро дар самтҳои дигари соҳаҳои хизматрасонӣ танзим мекунанд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, қонунҳои баимзорасида дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд. Матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Народный артист СССР. Знай наших!
На конференции в Исламабаде талибов призвали снять ограничения на образование девочек
ТОП-5 видов продукции, которые обеспечили аграрный рост Таджикистана в 2024 году
Сбербанк России обнаружил в даркнете «университет» по обучению мошенников
В Таджикистане задержали подозреваемого в организации незаконной миграции в Украину
Райские парадизы Востока
Мировой рейтинг дзюдо: на каком месте таджикистанцы?
Минтруда Таджикистана огласило список профессий для трудовой миграции в Катар
Таджикистанец впервые избран президентом Исполнительного совета ЮНИСЕФ
В США запретят TikTok, если Китай не продаст платформу до 19 января
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста