Барои ҳавасмандгардонии 168 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ифтихори 75-солагии Рӯзи Ғалаба аз Фонди захиравии Сарвари давлат беш аз 1 млн сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ба 168 нафар собиқадорони ҶБВ, ки дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд, кумаки яквақтаи молиявӣ дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат хабар доданд, ҳар кадоме аз онҳо бо 6 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ дар бораи ба 46 собиқадори пойтахт ҷудо кардани 1,5 ҳазор сомонигӣ қарор имзо кард. Коргарони ақибгоҳ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, рафъкунандагони оқибатҳои садамаи неругоҳи атомии Чернобил ҳар кадоме 800 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 ба маблағи умумии ҳудуди 740 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад.

Иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар он ҳалокшуда ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулии яквақта мегиранд.

Ба шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар ҶБВ”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар ҶБВ” супорида шуд, ба миқдори 2000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Ҳамин тавр, ба 46 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 2 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокшуда 192 ҳазор сомонӣ (4 ҳазор сомонигӣ) ва ба 273 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 546 ҳазор сомонӣ (2 ҳазор сомонигӣ) тақдим мегардад.

Илова бар ин, раисони ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо низ ба собиқадорон кумакпулӣ ҷудо мекунанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 168 собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд. Соли гузашта шумори онҳо 242 нафарро ташкил медод. Собиқадори хурдсолтарин 92-сола ва калонсолтарин 105-сола мебошанд.

Дар майдонҳои набарди ҶБВ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангидаанд. Аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуда, ба 65 кас унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.