Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон кумак фиристод. Он аз масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи тиббӣ иборат буда, бо 33 автомашинаи боркаш имрӯз аз Душанбе бурда шуд.
Ба вилояти Хатлон имрӯз ҳамагӣ қатораи иборат аз 230 автомашинаи боркаш бо кумаки башардӯстона сафарбар гардид, ки натанҳо барои осебдидагон аз офати табиӣ, балки барои дастгирии табибони машғул ба мубориза бо COVID-19 ва беморони коронавирус пешбинӣ шудааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси вилоят Носирҷон Маъмурзода хабар дод, барои сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон 42 тонна маҳсулоти ғизоӣ: 16-тоннагӣ пиёзу картошка ва сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, 4 тонна макарон, 4 тонна марҷумак (гречка), 4 тонна равған ва дигар навъи хозуқа фиристода шудааст.
Ба ин ноҳияе, ки аз омадани селу лойқа осеби зиёд дид, инчунин масолеҳи сохтмон: шиферу арматура ва семент ирсол карда шуд.
Ғайр аз ин, наздики 200 мошинҳои боркаш бо маҳсулоти озуқаворӣ, маводи доруворӣ ва тиббӣ байни шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тақсим карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз аз созмонҳои байнулмилалӣ низ ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон кумак расид.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 19 май Кумита бо дастгирии созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, ба монанди Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ (UNICEF), Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ба миқдори 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ, 300 бастаи беҳдоштӣ, 300 зарфҳо (10 литра) барои оби нӯшокӣ, 100 ҳазор қуттӣ доруворӣ барои безараргардонии оби нӯшокӣ ирсол ва миёни сокинони осебдидаи ноҳия тақсим кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.