Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 1 октябр тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонунҳо “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Дар бораи маориф” дастгирӣ намуд.
Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд мудирони маорифи вилоят ва шаҳру навоҳии кишварро на раисони ҳукумати маҳаллӣ, балки вазири маориф таъин мекунад.
Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири маориф ва илми Тоҷикитсон Муҳаммаддовуд Саломиён изҳор дошт, ки зимни таъини мудирони раёсат ва шуъбаҳои маориф Вазорат номзадҳоро бо раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ мувофиқа месозад.
Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2014 таъини мудирони шуъбаи маориф ба дӯши раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ вогузор гардида буд.
“Ин таҷриба муваффақ нашуд: дар 26 шаҳру ноҳияҳо (28,2%) ба вазифаи мудирони шуъбаи маориф шахсоне таъин шуданд, ки аз низоми маориф хеле дур буданд. Тағйирот ба қонунҳо “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Дар бораи маориф” ба беҳбуди вазъ ва тақвияти мубориза бо коррпусия дар соҳаи маориф равона шудаанд”, - қайд кард М.Салоҳиён.
Вакил Саидҷаъфар Усмонзода дар навбати худ изҳор дошт, ки ин тағйирот, яъне аз ҷониби вазорат таъиншудани мудирони раёсату шуъбаҳои маориф, баръакс, метавонад ба афзоиши коррпусия дар ин соҳа боис гардад.
“Маҳдуд кардани ваколати раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ ба он оварда мерасонад, ки онҳо ба як маъмур (администратор)-и одӣ табдил меёбанд. Роҳбарони маҳаллӣ номзадҳо ба ин ё он мансабро хубтар медонанд. Шахсан ман бар ин назарам, ки барои мудири шуъбаи маорифи шаҳр ё ноҳия доштани маълумоти омӯзгорӣ шарт нест, ӯ бояд сифату малакаҳои дигар, аз ҷумла қобилияти ташкилотчигӣ дошта бошад”, - изҳор дошт Усмонзода.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Железные ворота: невероятное ущелье в Байсуне, где по легенде сыграл свадьбу Александр Македонский
МВД России предупредило о возможности заражения телефона вирусом через WhatsApp
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста