Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз якдилона тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии кишвар ҷонибдорӣ намуд.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён қайд кард, ки тағйироту иловаҳо бо мақсади башардӯстона гардидани қонунҳои кишвар қабул карда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, дар тағйироту иловаҳо ҷорӣ гардидани ҷазои маъмурӣ ба амалҳое, ки ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, низоъи миллӣ ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал равона шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Агар ин амалҳо дар маърази ом ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир шуда бошанд, ҳаҷми ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда - 58 сомонӣ) ва муҳлати ҳабси маъмурӣ аз 5 то 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Қаблан барои ин амал ба шаҳрвандон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард.
Вазир қайд кард, ки агар шахсоне, ки барои амалҳои дар боло зикршуда ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошанду дар муддати як соли пас аз ҷазо гирифтан такроран онҳоро содир намоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонанд.
Дар ҳамин ҷаласа аъзои палатаи поёнии парлумон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба қонун “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” тасдиқ намуданд.
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки тағйироти мазкур ба Вазорати молия дар таҳияи Кодекси рафтори аудиторон ва Меъёрҳои баргузории аудит дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд.
Тағйирот инчунин ба ҳукумати Тоҷикистон дар таҳия ва тасдиқи тартиби ташкил ва барҳамдиҳии ширкатҳои аудиторӣ ҳуқуқ медиҳад.
Ҳамчунин вакилон якдилона Созишномаро дар бораи амалисозии фаъолияти муштараки кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади осоишта дастгирӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Российские аналитики определили главные вызовы для стран Центральной Азии
«Теперь лезут через заборы». В Душанбе демонтировали 17 пешеходных переходов
В Душанбе стартовали предновогодние ярмарки с продуктами по сниженным ценам
Кто они – новые заместители Эмомали Рахмона в НДПТ?
УМВД: В компьютерном центре в Душанбе подростки употребляли наркотики
Президент Грузии Саломе Зурабишвили отказалась уходить с поста и потребовала назначить новые выборы парламента
Трамп: «Правительство США будет признавать только два пола – мужской и женский»
Таджикские дзюдоисты завоевали медали на международном турнире Russian Judo Tour
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 декабря 2024 года
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста