Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии маъракаи интихоботи президентиро, ки санаи 11 октябр баргузор шуд, эълон кард.
Тибқи маълумоти КМИР, ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 90,92% интихобкунандагон ё худ 3 млн 853 ҳазору 987 нафар овоз додаанд. Овозҳои боқимондаи “тарафдор” байни дигар номзадҳо тариқи зайл тақсим шуд:
Мироҷ Абдуллоев - 1,17% (49 535 нафар);
Абдуҳалим Ғаффорзода - 1,49% (63 082 нафар);
Рустам Раҳматзода - 2,14% (90 918 нафар);
Рустам Латифзода - 3,02% (128 182 нафар).
Дар қарори КМИР қайд мешавад, ки интихобот бо иштироки 4 млн 238 ҳазору 839 интихобкунанда, ки 85,44% шумораи умумии интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилкардашударо ташкил медиҳад, баргузоршуда дониста шавад.
“Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот бо гирифтани 3 млн 853 ҳазору 987 овози интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, ки 90,92%-ро ташкил медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида шавад. Ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад”, - гуфта мешавад дар қарори КМИР.
То охири моҳи октябр баъди маросими расман сари мансаб омадани президенти тозаинтихоби кишвар, мувофиқи меъёрҳои қонуни конститусионии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукумат”ҳайати ҳукумати кунунӣ пурра ба истеъфо меравад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз сарвазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон президент ҳамзамон раиси ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Таджик Эйр» выполнил первый рейс по маршруту Душанбе – Рашт
Кохлеарная имплантация в Таджикистане: Восстановит ли она слух полностью, и с какого возраста можно проводить операцию?
Стихи, ремесла и национальная одежда: в Иране прошел «Вечер Таджикистана»
BILD: Две трети человечества находится под властью мужчин старше 70 лет
Исследование РАНХиГС: в Россию вернулись 10% релокантов
В Таджикистане снизили ставку рефинансирования
Сергей Хмельницкий и зарождение архитектурной школы Таджикистана
Власти США решили в 30 раз сократить штат USAID
Таджикистан нарастил экспорт фруктов, но вдвое сократил поставки овощей в 2024 году
Швейцария вернет Узбекистану $182 млн из активов Гульнары Каримовой
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста