Бо супориши президенти Тоҷикистон гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи афви” пардохт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории иборат аз ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд то охири моҳи август лоиҳаи қонунро ба сарвари давлат пешниҳод кунанд.
“Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикитсон сурат мегирад, зиёд аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, - зикр кард манбаъ.
Инчунин таъкид шуд, ки барои қабули лоиҳаи қонун охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр вакилони палатаи поёнии парлумон аз таътили тобистона бозхонд карда мешаванд.
Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ - 15 ҳазор нафарро фаро гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
С Днем Конституции, Таджикистан!
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 ноября 2024 года
Гостинице «Душанбе» - 60 лет! Как раньше выглядел один из лучших отелей СССР?
Турция простила внешний долг Кыргызстану
От водных городов до динозавров. Топ-5 самых необычных музеев Китая
Что говорит Конституция Таджикистана о правах и свободах человека, о демократии?
В США начались 60-е президентские выборы
Сливочное масло в России подорожало. А, значит, жди подорожания и в Таджикистане
Узбекистанца приговорили к 5 годам тюрьмы за участие в военных действиях в Украине
Военные, флаги и транспаранты. Как в Хатлоне отметили 30-летие Конституции Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста