Гурӯҳи кории махсус, ки нимаи моҳи июл бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буд, корҳои таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи авф”-ро ба поён расонид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод.
Бино ба гуфтаи манбаъ, лоиҳаи қонуни дар боло зикршуда муддати ду рӯзи наздик ба баррасии парлумон фиристода мешавад.
Ба гурӯҳи кории махсуси бо супориши президент таъсиёфта ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомила буданд.
“Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, зиёда аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, - зикр кард манбаъ.
Маъмулан дар ҷумҳурӣ ба ифтихори солгарди ҷашнҳои давлатӣ авф эълон мешавад. Ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар соли 2019 зиёда аз 20 ҳазор нафар маҳкумшуагон мавриди авф қарор гирифтанд. Соли 2014 дар солгарди 20-солагии қабули Конститутсия қонуни авф 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба ифтихори ҷашни 20-умин солгари истиқлолияти давлатӣ - 15 ҳазор нафарро фаро гирифт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.