Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 сентябр дар маркази ноҳияи Рашт бо роҳбарон ва фаъолони водии Рашт мулоқот намуда, дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок кард.
Миллионҳо сармоягузорӣ
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент таъкид дошт, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 6,6 млрд сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 млрд, Рашт - 1,5 млрд, Сангвор - 914 млн, Лахш - 1,2 млрд ва Тоҷикобод - 787 млн сомонӣ равона шудааст.
Танҳо дар 10 соли охир ба ноҳияҳои минтақа 150 млн сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуда, барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани шумораи зиёди аҳолӣ мусоидат кардааст.
Барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ дар панҷ соли охир дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои минтақа садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 млн сомонӣ татбиқ гардидааст.
Ғайр аз ин, зикр кард дар суханронии худ сарвари давлат, дар доираи барномаҳои нави рушди маҳал барои панҷ соли минбаъда амалисозии беш аз 900 лоиҳа ба маблағи 2,8 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Президент изҳор намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт бо татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 128 километр хатҳои интиқоли барқ, 45 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 3,2 ҳазор киловатт-соат ва ду бинои маъмурӣ барои шабакаҳои барқии минтақа бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт то имрӯз 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 млрд сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло боз 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 5 млрд сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 100 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул сохта, ба истифода дода мешавад.
Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нави таълимӣ барои беш аз 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. То охири соли ҷорӣ сохтмони боз 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7 ҳазор хонанда бунёд карда мешаванд.
Президент гуфт, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар минтақаи Рашт 15 маркази саломатии ноҳиявӣ, қариб 130 бунгоҳ ва даҳҳо иншооти дигари тиббӣ бунёду азнавсозӣ карда шудааст.
Барномаи фарҳангӣ, тақдими туҳфаҳо ва кӯдакистон
Дар ҳамин ҷо пас аз суханронии президент барномаи рангину бошукуҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон дар маркази муосир ва навбунёди тиҷоратию хизматрасонии “Мираюб”, ки аз ҷониби сокини ватандӯсти ноҳияи Рашт Мираюб Шокиров бунёд шудааст, бо як гуруҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.
Гуфта мешавад, ин навбат 60 нафар кудаки ятим аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод аз дасти президент туҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ, гирифтанд.
Ҳамчунин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон 2 сентябр дар ноҳия боғчаи «Ахтарак» Рашт ифтитоҳ гардид. Иншооти таълимӣ аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Зикр мегардад, ки ин аввалин боғчаи типпи нав дар ноҳияи Рашт мебошад ва дар баробари забони тоҷикӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Едят насекомых и с рождения владеют кунг-фу: топ-5 самых популярных стереотипов о жителях Китая
В Абхазии протестующие против соглашения с Россией потребовали отставки президента непризнанной республики
Высокая нагрузка в школе и мало поддержки в семье. В ВОЗ обратили внимание на трудности подростков в ЦА
«Мигрант Медиа»: В Душанбе задержали граждан Туркменистана с поддельными паспортами
На что имеет право президент Таджикистана, и какие обязательства у него есть перед народом
Таджикского актера в Москве приговорили к 14 годам колонии по обвинению в шпионаже
Где и как в Душанбе зарядить электромобиль?
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Спасение ледников, горячее питание на борту, пауза на китайские товары и медальный дождь
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 ноября 2024 года
Новый прямой авиамаршрут Душанбе – Доха: Катар стал ближе без виз для граждан Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста