Эмомалӣ Раҳмон се судя ё додраси се ноҳияи кишварро аз мақом барканор кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.
Бар асоси фармони президент, додрасҳои ноҳияҳои Мурғоби ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз мақом барканор шуданд. Манбаъ дадели барканории додрасҳоро расидан ба синни ниҳоӣ ва вазъи саломатӣ марбут донистааст.
Субҳи 20-уми апрел дар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Меҳмон Аловиддин Бозгул раиси Додгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раҳимзода Абдусалим додраси додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Умарзода Ирода Бахтиёр додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз вазифа озод шуданд.
Додраси аввалӣ барои расидан ба синни ниҳоии ишғоли мақоми додрасӣ ва дуйи дигар бинобар вазъи саломатӣ мақомҳояшонро аз даст додаанд.
Дар ҳамин ҳол манбаъ хабар надодааст, ки оё ба ҷойи додрасҳои барканоршуда нафарони наве таъин шудаанд ё не.
Два взгляда на сериал «Переходный возраст»: что говорят специалисты Центральной Азии о подростках и диалоге
В Тегеране пройдет заседание совместной комиссии Таджикистана и Ирана по торгово-экономическому и культурному сотрудничеству
В Москве ушла из жизни Людмила Шотемур
США пригрозили Китаю пошлинами до 245%
Экономике Таджикистана предрекают замедление роста из-за сокращения денег мигрантов
ICT WEEK 2025: Душанбе стал центром технологического будущего Таджикистана
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста