Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар баробари истеҳсоли неруи барқи “сабз” ва дастрас, инчунин, дар идораи устувори  захираҳои об, коҳиш додани хавфи селу обхезӣ, хушксолӣ ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳад дошт, изҳор дошт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 июн зимни суханронӣ дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба обу иқлим.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, тибқи Гузориши Ассотсиатсияи ҷаҳонии гидроэнергетикӣ таҳкими ин соҳа, дар баробари таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамчунин дар мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим метавонад нақши калидӣ дошта бошад.

Ба гуфтаи президент, дар гузориши мазкур зикр мешавад, ки то ду дараҷа дар ченаки Селсий (2°С) барои нигоҳ доштани гармшавии глобалӣ барои давраи то соли 2050 тақрибан 850 гигаватт (ГВт) иқтидори иловагии барқи обӣ лозим мешавад.


Барои то якуним дараҷа дар ченаки Селсий (1,5°C) маҳдуд кардани болоравии ҳарорат зиёда аз 1200 гигаватт барқ зарур аст.

“Имрӯз дар Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт (МВТ) идома дорад”, - хотиррасон намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ зикр кард, ки тибқи ҳисоби мутахассисон, агар 17 млрд киловатт (кВТ) соат неруи барқе, ки дар “Роғун” тавлид хоҳад шуд, дар неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг истеҳсол гардад, партови гази карбон (CO2) ба атмосфера зиёда аз 13,5 млн тоннаро ташкил хоҳад дод.

Дар сурати истифода бурдани маводи нафтӣ он қариб 10 млн тонна ва дар мавриди истифодаи гази табиӣ зиёда аз 6,5 млн тоннаро ташкил медиҳад.


“Ҳамин тариқ, Неругоҳи “Роғун” дар коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфера саҳми хеле арзанда хоҳад дошт”, - чунин мешуморад президент.

Президенти Тоҷикистон инчунин зикр кард, ки Низоми ҳамгироишудаи ҳалли масъалаҳои об ва иқлим барои Тоҷикистон низ хеле муҳим аст, зеро захираҳои об дар рушди устувори кишвари мо нақши калидӣ доранд.

Вале дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим имрӯз зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд.

"Ҳол он, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои саноатӣ ба шумор намеравад ва 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ, манбаи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад", - изҳор намуд сарвари давлати Тоҷикистон.


“Мо аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ борҳо оид ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд сухан гуфтаем, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. - Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чун ки пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванд ва захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд. Тибқи Гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйироти иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера, то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд”.


Тибқи ҳисоби коршиносон, се соли охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар Сайёра ба шумор мераванд.

Зикр шуд, ки танҳо дар якчанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.