Дар шаҳри Чолпон-Ота имрӯз, 2 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.
Дар мулоқот ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Садир Жапаров аз натиҷаҳои охири мувофиқаи хати лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар баробари ин аз талошҳои муваффақонаи идома додани музокирот ва қабули қарорҳои дахлдор дар асоси эҳтиром ва эътимоди мутақобила изҳори ҷонибдорӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, сарони давлатҳо муҳимияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориии ду мамлакатро бори дигар тасдиқ карда, ҷонибдории худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ изҳор намуданд.




Неизвестные вооруженные лица убили гражданку Таджикистана в афганском Кундузе — СМИ
Европейский инвестфонд вложит более $200 млн в таджикскую авиакомпанию Shohin Airlines
Долговая ловушка. Как в Таджикистане взять кредит и не пожалеть об этом?
Казахстанцы одобрили новую Конституцию страны — Центризбирком
Radisson Collection приходит в Таджикистан
Запросившие убежище в Австралии иранские футболистки решили вернуться на родину
Водный кризис в Центральной Азии в цифрах
Бежать или не бежать? Иранцы решают, стоит ли им покинуть страну из-за войны
Сборная Таджикистана выступит на чемпионате Азии по дзюдо в Китае
Таджикистан до конца 2026 года будет получать от АБР исключительно гранты
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста