Дар ҷараёни сафари расмии раиси палатаи болии парлумони Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чин санадҳое, ки ба густариши ҳамкории мутақобила байни кишварҳо нигаронида шудаанд, ба имзо расид, хабар дода мешавад дар сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.
Рӯзи 21 август дар ҷараёни вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии ин кишвар Чжао Лэтсзи масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.
Пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳо маросими имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ баргузор шуд:
Аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин Дэн Бо Чин номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми 2 млн доллари ИМА барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон имзо шуд.
Ҳамчунин номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе; сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахт, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони ВМКБ то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу» ба имзо расид.
Зимни дидору гуфтушуниди Рустами Эмомалӣ бо муовини раиси Чин Хан Чжэн вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки муносибат бо Чин аз афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва Чин барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ташаббуси стратегии Чин «Як камарбанд, як роҳ»-ро пуштибонӣ карда, дар доираи он ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки ба манфиатҳои аслии ду кишвар ва мардуми бо ҳам дӯсти онҳо равона гардидааст, назари нек дорад.
Дар хабар зикр мешавад, ки доир ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт иқдоми муҳим пеш гирифта шуд.
Аз ҷониби сафири Тоҷикитон дар Чин Зоҳир Саидзода ва муовини вазири савдои Чин Лэн Ҷи санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ, ки ба таври ройгон, ҳамчун кумак аз ҷониби ҳукумати ин кишвар ҳукумати Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод шуд.
Рӯзи 21 август Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, аз Маркази намоишиву санҷишии «Шаҳри ҳушманд» боздид намуд.
Ҳамчунин дар вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо раиси шаҳри Пекин Ин Юн байни шаҳрдории Душанбеи ва маъмурияти шаҳри Пекин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Темурхон Каюмов: золотой путь к успеху в карате
Гастрономические открытия Китая: пять ресторанов, которые изменят ваше представление о кухне
Мумии из Искодара. В Таджикистане нашли необычные захоронения
Что говорили власти России о мигрантах после "Крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста