Дилрабо Мансурӣ, ки то 29-уми январи соли 2024 дар курсии муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон менишаст, дар рӯзи зодрӯзаш, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон муовини сарвазири Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Матлубахон Сатториёнро иваз кард, ки вазири фарҳанг таъин шуд.
Ҳарчанд маснади муовини раиси парлумон дар ҳар давлати ҳуқуқбунёд мансаби интихобӣ ва баландмақом дониста мешавад ва баргузида ба он нафари таъсиррасон ба сиёсату чеҳраи шинохта мебошад, аммо номи Дилрабо Мансурӣ чанде пештар, замоне расонаӣ гардид, ки дар қатори Азизмо Асадуллоева, ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Зироатхон Мирзиёева, ҳамсари раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қатори “Бонувони пешвои Осиёи Марказӣ” зикр гардид.
Дар рӯйхати “Бонувони пешвои Осиёи Марказӣ”, ки Ҷунбиши миллии “Юксалиш”-и Ӯзбекистон якҷо бо Институти ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ таҳия карда буд, номи 40 бонуи таъсиргузору бонуфузи Осиёи Марказӣ зикр гардида буд ва аз Тоҷикистон ба ин рӯйхат 6 бону шомил гардиданд.
* Азизмо Асадуллоева, ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон,
* Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон,
* Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон,
* Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон,
* Шоира Содиқова, раиси Раёсати "Бонки Арванд",
* Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон.
Иттифоқан, ба ин рӯйхат номи Матлубахон Сатториён, ҳамакнун, собиқ муовини сарвазир ва вазири кунунии фарҳанги Тоҷикистон ворид нашуда буд.
Дилрабо Мансурӣ кист?
Дилрабо Мансурӣ 29-уми январи соли 1974 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1996 Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷандро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст.
Пас аз хатми донишгоҳ дар ин даргоҳ аввал ба ҳайси лаборанти калони кафедраи “Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа”, баъдан ассистенти кафедраи “Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ” кор кардааст. Аз соли 2001 то 2008 аввал ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи “Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ” ва баъдан мудири кафедраи “Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ” фаъолият намудааст.
Пас аз дифои рисолаи илмӣ солҳои 2008-2010 дар кафедраи “Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ” ба ҳайси дотсент ва солҳои 2010-2014 ҳамчун муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ кор кардааст.
Солҳои 2014-2015 директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ будааст.
Соли 2015 дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон иштирок карда, вакили Маҷлиси намояндагон интихоб мегардад. Соли 2020 такроран вакили парлумон интихоб мешавад ва 17-уми марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ӯ то лаҳзаи таъин ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон дар ин мансаб фаъолият мекард.
Дар ҳолномаи Дилрабо Мансурӣ таъкид мешавад, ки ӯ доктори илмҳои техникӣ (2009) ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017) буда, забонҳои русиву англисиро медонад.
Соли 2021 бо ордени “Шараф дараҷаи 2” мукофонида шудааст ва ҳамчунин, аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.
Оиладор ва соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Рамзан Кадыров публично объявил кровную месть сенатору Сулейману Керимову и двум депутатам Думы
Хлопковые страдания. Производители белого золота в Таджикистане не рассчитывают на доходы
Матвиенко выделила значение русского языка для укрепления отношений России и Таджикистана
Клубу «Худжанд» обещают премию в размере 100 тысяч сомони
Численность диких животных на планете за полвека сократилась на 73%
Эмомали Рахмон назвал Иран «надежным партнером в регионе»
Рубль по отношению к сомони ослаб до уровня годовой давности
ТОП-8 причин, почему гражданина Таджикистана могут выдворить из России
ГЭС теряют преимущества? Эксперты указали на рост выработки солнечной и ветровой энергетики
В Ташкенте запустят метробусы, втрое увеличат площади парков и расширят транспортные сети
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста