Имрӯз, 10 июн дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кор оғоз мекунад

Ин конфронсҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар ду сол як бор гузаронида шуда, имсол он дар маҷмааи “Кохи Сомон” баргузор мешавад.

Дар кори конфронс намояндагони 20 кишвар, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Гертсоговина, Молдова, Непал, Руминия, инчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ширкат меварзанд.

Дар ин чорабюинӣ ҳамчунин намояндагони воломақоми кишварҳои узви СММ, воҳидҳои СММ, созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор гирдиҳам меоянд.

Қобили зикр аст, ки қаблан солҳои 2018 ва 2022 дар Душанбе ду конфронс оид ба даҳсолаи амал оид ба об баргузор шуда буданд.

Кори Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе то 13 июн давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.