Имрӯз, 16-уми август дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати кишвар муовини вазири мудофиа, сардори Қушунҳои хушкигард, чанд сафир ва сардорони чанд раёсату шуъбаи дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур аз вазифв озод ва нафарони дигар ба ин курсиҳо такя заданд. Хадамоти матбуотии президент фармони таъину барканории онҳоро нашр кард.
Аз ҷумла, бо фармони президент Раҳмоналӣ Сафарализода аз мансаби фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ, Ҷамшед Сафарзода, ки то ин дам муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ буд, фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин гардид.
Ба ҷои Сафарзода, Саидасрор Абдуллозода, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тайёрии ҷангӣ таъин шуд.
Ҳоло маълум нест, ки Раҳмоналӣ Сафарализода баъди барканорӣ ба чӣ мансабе таъин гардид.
Бо қарори дигари ҳукумати кишвар, Нуралӣ Асозода муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин гардид. Нуралӣ Асозода Маҳмадулло моҳи январи соли равон "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон озод шуда буд.
Хуршед Арабзода, директори КВД «Таъмиру сохтмонӣ»-и дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин гардид. Маълум нест, ки ӯ ба ҷои кӣ таъин шудааст. Арабзода то ин дам сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии автомобилгарди минтақаи Кӯлоб буд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои чанд амри алоҳида сардорони чанд раёсату шуъбаи Дастгоҳи иҷроияи президентро барканор ва ба ҷои онҳо нафарони дигарро таъин кардааст.
Аз ҷумла, Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳ озод ва ба ҷои ӯ Зулфия Давлатзода, ки чанд сол пеш баъди чанд соли фаъолият ба ҳайси вазири фарҳанг аз вазифа барканор шуда буд, сардори раёсати рушди иҷтимоӣ таъин гардид.
Одинашоҳ Вализода, ки қариб 10 сол дар вазифаи мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистонкор мекард, ба нафақа гусел карда шуда, ба ҷои ӯ Сайазам Қодирзода мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳ таъин гардид.
Қурбоналӣ Файзуллозода, аз вазифаи директори КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» озод гардида, ба ҷои ӯ Фарҳод Собирзода директори нашриёти дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Дар шарҳи фармони Файзуллозода гуфта нашудааст, ки ӯ ба нафақа рафтааст ва ё ба вазифаи дигар таъин мешавад.
Маҳмуд Амирзода аз вазифаи муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори дастгоҳ озод шуда, роҳбари ин раёсат таъин гардидааст. Ҳамчунин, Тоҷиддин Раҳимзода ба ҷои Амирзода муовини сардори раёсати рушди инфрасохтори дастгоҳ таъин шудааст.
Ҳамчунин, бо амрҳои алоҳида, Салим Салимзода сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти дастгоҳ ва Маҳмуд Чумъазода мушовири калони бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин шуданд.
Бояд гуфт, ки Ашраф Гулов, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Туркия буд, аз ин симмат озод ва ба ҷои Баҳодур Шарифӣ сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин гардид.
Ҳоло маълум нест, ки Баҳодур Шарифӣ баъди барканорӣ ба чӣ мансабе таъин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 16-уми август дар баробари дигари тағйироти кадрӣ ҳамчунин, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон намояндаи ваколатдори ВКД дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Хоруғ Ҳамадонӣ, Варзобу Тоҷикобод, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Кушониён, Левакант, Шаҳринав, Зафаробод, Спитамен ва Ашт, инчунин, директори гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Кам намудани талафоти нерӯ”-и ҶСК “Барқи Тоҷик” иваз шуданд.
Исми нафароне, ки аз ин вазифаҳо барканор ва ба ин курсиҳо такя заданд, ҳоло нашр нашудааст.
Бердвотчеры: Зачем люди наблюдают за птицами?
В Душанбе открылся «Торговый дом Узбекистана» по строительным материалам
Дом, где все продумано до мелочей. В Рудаки строят дом премиум-класса
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки: кто лишился постов, а кто получил новое кресло?
В Узбекистане осудили воевавших в Украине на стороне России
Дебют на Кубке Азии, Олимпиада в Париже, ЧМ в Душанбе. Чем запомнился таджикский спорт в 2024 году?
КЧС Таджикистана предупредил о густых туманах и лавиноопасности
Дания изменила королевский герб после заявления Трампа о намерении купить Гренландию
Спецпосланник Трампа Кит Келлог отложил поездку в Украину
Город, поселок, вокзал. Почему в Согде так и не построили обещанные объекты?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста