Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) 28 аъзои худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии соли оянда аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардааст. Аксари ин номзадҳо ҷавон буда, танҳо ду-се нафар собиқадорони ҳизб мебошанд.
АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, номзадҳо 2 нафар аз ВМКБ, 9 нафар аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз вилояти Суғд, 6 номзад аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 5 нафар аз шаҳри Душанбе мебошанд.
Дар байни номзадҳо 11 зан ва 17 мард мебошад.
“Номзадҳо намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла 5 ҳуқуқшинос, 8 иқтисоддон, 5 омӯзгор, 3 адабиётшинос ва дигарон таърихшинос, технолог, муҳандис, агроном ва мутахасси умури гумрукӣ мебошанд”, - навиштааст “Ховар”.
Аз вакилони ҳозира танҳо номзадии Матробиён Саодатшо пешниҳод шудааст. Аз мансабдорони баландмақом танҳо исми Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистонро вохӯрдан мумкин аст. Боқимонда, расиони кумитаҳои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳӣ ва омӯзгорону мансабдорони сатҳи маҳаллӣ мебошанд.
То ҳол танҳо ҲХДТ номзадҳои худро ба интихоботи парлумонии кишвар ки моҳи марти соли оянда баргузор мешавад, пешниҳод кардаст. Ҳизбҳои дигар, аз ҷумла ҲДТ ва ҲАТ гуфтанд, ки дар анҷумани навбатии худ номзадҳоро пешниҳод хоҳанд кард.
Номзадҳо аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииТоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, даъвати ҳафтум (солҳои 2025-2030):

Один из лучших в СССР. Три эпохи таджикского цирка
Reuters: почти всех сотрудников USAID за рубежом уволят к сентябрю
Медиа-группа "Азия-Плюс" посадила саженцы в честь своего дня рождения
Путин создал новую службу по вопросам гражданства и мигрантов
Афганистан всё ещё ожидает деньги Всемирного банка для реализации проекта CASA-1000
Верховный суд Таджикистана оставил без изменений приговор известным политикам
Как солнечные теплицы помогают горцам Таджикистана питаться здоровой пищей
Душанбе открывает сезон Кубка мира по велоспорту UCI Mountain Bike Eliminator-2025
Таджикские дзюдоисты отправятся на чемпионат Азии-2025 в Таиланд
Хатлонская область Таджикистана подверглась нашествию саранчи
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста