Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар суистифода аз мақоми хизматӣ ва ғайриқонунӣ азхудкунии қитъаи замин корманди шуъбаи кадрҳои мақомоти прокуратураи пойтахт Ҷамолиддин Рустамовро ба ҳабс гирифт.

Бино ба иттилои торнамои расмии Агентӣ, моҳи июли соли 2014 барои ҷудо кардани 0,07 га қитъаи замин дар ҳудуди қаламрави ҶСК «Мармар»-и ноҳияи Рӯдакӣ ӯ аз шаҳрванд Неъмонов Д. 21 ҳазор доллари ИМА талаб намуда, 10 ҳазор доллар аз ин маблағро мегирад ва ба Неъмонов иҷозаи сохтмони манзил дар ин қитъаро дода, ваъда медиҳад, ки пас аз гирифтани 11 ҳазор доллари боқимонда ҳамаи ҳуҷҷатҳои дастрасӣ ба ин қитъаи заминро омода мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҳудуди заминҳои ҶСК «Мармар» Рустамов барои худ низ дар майдони 0,4 га замин гирифта, манзили зист бунёд кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳолат нисбати шаҳрванд Рустамов Ҷ.И. бо аломатҳои моддаҳои 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон содир намудааст) ва моддаи 338 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин муқарар намудааст) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабсгирӣ татбиқ карда шудааст.