Хабаргузориҳои байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии Амрико бо такя ба мақомҳои Пентагон -- вазорати дифои ИМА иттилоъ доданд, ки дар ҳамлаи рӯзи 4-уми март як шахс, ки аз ӯ ҳамчун "вазири ҷанг"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИ) ном бурда мешавад, эҳтимолан кушта шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, ки Абу Умар Шешонӣ (Умари Чеченӣ) дар садри ҷангиёни таҳти таъқиби Амрико қарор дошт. Амрико панҷ миллион доллар ҷоиза барои хабаре, ки ба куштани ӯ бианҷомад, таъин карда буд. Хабаргузории Франс-пресс гузориш додааст, ки вазорати молияи Амрико дар соли 2014 ӯро дар феҳристи "террористҳои хориҷӣ" қарор дода ва гуфта буд, ки ӯ дар дастгоҳи раҳбарии гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз нуфуз ва қудрати фавқулодда бархӯрдор аст.

Пентагон  - вазорати дифои Амрико дар баёнияе мегӯяд, ки агар марги ӯ таъйид шавад, мушкиле дар раванди сарбозгирии гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз хориҷ ва талошҳои ин гурӯҳ барои дифоъ аз пойгоҳҳои аслиаш, ба миён хоҳад омад. Хабаргузории Ройтерз аз ӯ ҳамчун яке аз "мушовирони наздик"-и Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" ном бурдааст.

Мақомҳои амрикоӣ таъйид кардаанд. ки таҳқиқот дар мавриди сарнавишти ин фармондеҳи баландпояи "Давлати исломӣ" идома дорад ва ҳанӯз бо қотеият наметавон гуфт, ки ӯ кушта шудааст. Яке аз манбаъҳои хабарии Ройтерз гуфтааст, ки дар ҳамлаи рӯзи чаҳоруми март ба як корвони мошинҳо, эҳтимолан Абу Умар Шешонӣ ҳузур доштааст.

Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз яке аз мақомҳои амрикоӣ, Абу Умар Чеченӣ дар соли 2012 ба Сурия рафт ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваст. Нерӯҳои эътилоф ахиран ҳамлаҳои худ дар минтақаи "Аш-Шадоди"-ро бештар кардааст. Ин минтақа як моҳ пеш аз чанги гурӯҳи "Давлати исломӣ" озод карда шуд ва дар ихтиёри гурӯҳҳои мухолифи ДОИШ, ки аз сӯи Ғарб ҳимоят мешаванд, қарор дорад.