Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Идораи амнияти ҳастаии миллӣ назди Вазорати энергетикаи ИМА (ИАҲМ ВЭ ИМА), Вазорати энергетика ва тағири иқлими Британияи Кабир (ВЭТИ) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду иншоот барои нигоҳдории эмини маводҳои радиоактив дар Муассисаи давлатии идораи партовгоҳҳои маводҳои радиоактив (МДПМР) ифтитоҳ намуданд. Ин иқдом ҷузъе аз талошҳои васеътари муштарак ҷиҳати пешгирии ба дасти террористон афтодани маводҳои ҳастаӣ ва радиоактив мебошад.
Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур дар МДПМР директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ доктор Улмас Мирсаидов ва директори МДПМР доктор Аслиддин Шоназаров таҷдиди назарраси ин ду иншоотро ҳамчун намунаи шоистаи ҳамкории давомнок байни ИМА, Британияи Кабир ва Тоҷикистон дар пешгирии терроризми ядроӣ ва радиоактив ба хусус таъкид карданд.
«Маводҳои радиоактиви корношояму беназоратмонда барои ғорат шудан бахусус осебпазиранд. Анҷоми таҷдиди иншоотҳои мазкур ба идоракунии эмину бехатари маводҳои радиоактив дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ин дастоварди муҳим мебошад, ки дар натиҷаи ҳамкории пайваста байни давлатҳои мо ҷиҳати коҳиш додани таҳдиди терроризми радиоактив ноил шудааст» гуфт муовини сардори Шӯъба оиди паҳн нагаштани аслиҳаи ядроии ИАҲМ хонум Энн Харрингтон.
ИАҲМ дар соли 2000 аз сӯи Конгресси ИМА таъсис дода шуд. ИАҲМ ниҳоди ниммустақил буда, аз лиҳози сохторӣ таҳти Вазорати энергетика қарор дорад. ИАҲМ барои таҳкими амнияти миллӣ тариқи истифодабарии ҳарбии физикаи ядроӣ масъул мебошад.
ИАҲМ эминӣ, бехатарӣ ва самаранокии захираҳои яроқи ҳастаии ИМА-ро бидуни гузаронидани озмоишҳои инфиҷори ҳастаӣ нигаҳдорӣ ва тақвият менамояд; дар мавриди коҳиш додани хатари ҷаҳонии марбут ба истифодабарии силоҳи қатли ом корҳоро анҷом медиҳад; нерӯҳои баҳрии ИМА-ро бо дастгоҳҳои пурқуввати ҳастаӣ таъмин менамояд; ва инчунин ба ҳолатҳои изтирории хусусияти ҳастаӣ ва радиоактивӣ дошта – чӣ дар ИМА ва чӣ берун аз он – аксуламал нишон медиҳад.
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
«Лучший супруг» и «Лучшая ремесленная семья» Таджикистана: кто они и как победили?
Зараженные птицы и комары. Чем известен убитый в Москве генерал Кириллов
Безотцовщина при живом отце. Как трудовая миграция влияет на детей мигрантов?
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Гражданина Узбекистана задержали по подозрению в убийстве российского генерала
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста