Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и шаҳри Исфара қочоқи миқдори зиёди маснӯоти заргарӣ аз кишвари ҳамсояи Қирғизистонро ба қаламрави ҷумҳурӣ пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, зимни азназаргузаронии бағочи ду сокини шаҳри Истаравшан, ки аз кишвари ҳамсоя ба ватан бармегаштанд, дар маҷмӯъ 488 адад маснӯоти заргарӣ бо вазни умумии 747 грамм дарёфт ва мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Исфараи вилояти Суғд фиристода шудааст.