Дар размоишҳои зиддитерорристии Тоҷикистону Чин, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегарданд, ҳудуди 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ иштирок мекунанд.
Аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар машқгоҳи ҳарбии ноҳияи Ишкошим дар ВМКБ пагоҳ размоишҳои бузургмиқёси чоррӯзаи зиддитеррористии нерӯҳои Тоҷикистону Чин оғоз мегарданд.
Ба ин размоишҳо ҳамчунин авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ сафарбар шуда, аз ҷониби Чин дар он ротаи зудамали Артиши миллии озодихоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат меварзад.
Сарбозону афсарони ҳарду кишвар амалҳои муштарак ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Чинро мавриди омӯзишу сайқал қарор медиҳанд. Генералҳои воломақоми Тоҷикистону Чин аз рафти размоишҳо боздид хоҳанд кард.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар ҷаласаи ҳукумати ВМКБ ноҳияи Ишкошим макони баргузории размоишҳои зиддитерористӣ интихоб шудааст, зеро бо вилояти Бадахшони Афғонистон, ки террористони байнулмилалӣ дар он ҳузур доранд, марзи тӯлонӣ дорад.
Размоишҳои муштараки зиддитеррористии нерӯҳои Тоҷикистону Чин санаи 24 октябр ба итмом мерасанд.