Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар тамринҳои тактикии гуногуннавъ бо тирпарронии ҷангии «Щит-2016» дар Тоҷикистон иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Хавзаи ҳарбии марказии Русия, ба ин тамринҳо беш аз 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия ва зиёда аз 1,5 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ сафарбар шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни тамринҳо ба такмили малакаҳои роҳандозии амалҳои муштарак бо воҳидҳои Вазорати мудофиа, Қушӯнҳои сарҳадӣ ва дохилии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Дар оғози тамрин хизматчиёни ҳарбии ҳарду кишвар бо бонги хатар бархезонида шуда, то машқгоҳи Лоҳур раҳпаймоӣ кардаанд.

Зикр мегардад, ки муддати се рӯз масъалаҳои тарзи амал ва ҳаллу фасли вазъҳои буҳронӣ ва дар марҳилаи хотимавӣ вазифаҳои ташкили мудофиа ва ҳамла, ҷустуҷӯ ва нобуд кардани гурӯҳҳои тахрибкор (диверсионӣ)-у террористии ҳарифи эҳтимолӣ, ки марзи Тоҷикистонро убур кардаанд ва роҳу воситаҳои баромадан аз майдони муҳориба ва бозпас нишастан ба минтақаҳои таъиншуда ҷиҳати дубора сафарбарии нерӯ ва воситаҳо мавриди омӯзишу таҷриба қарор гирифтаанд