Дар Маркази таълимиии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта маросими хатми 100 нафар таълимгирандагони мактаби омодакунии прапоршикон доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар фазои мутантани ҳарбӣ ба ин гурӯҳи ҳомиёни ватан шаҳодатномаи хатм ва рутбаи ҳарбии прапоршикӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби масъулини Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳабии Вазорати мудофиа бо назардошти ҷойҳои холии прапоршикӣ дар қисму воҳидҳои низомии кишвар онҳоро ба вазифаҳои муайян таъин ва ҷиҳати идома додани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳнамун намуданд.

Қайд мешавад, ки омӯзиш дар ин мактаб аз руйи 8 ихтисоси муҳими ҳарбӣ 4 моҳ давом карда, бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ дар сафи Артиши миллии кишвар ташкил карда шудааст.

Гуфта мешавад, сарбозони шомилшуда ба ин мактаб пас аз идомаи таҳсил ва аз худ намудани махсусияту нозукиҳои тахасусӣ интихоб карда, соҳиби шаҳодатнома ва рутбаи прапоршикӣ мегарданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин мактаб ба сарбозон давоми таҳсил афсарони ботаҷриба дар баробари омӯзонидани донишҳои назариявӣ, ба машғулиятҳои амалии тактикӣ-варзишӣ ва аз худ намудани санъати ҳарбӣ ҷалб менамоянд.