Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаҳои дидбонгоҳҳои зертобеияти Отряди сарҳадии “Панҷ”, дар асосӣ маълумотҳои оперативӣ ҳафтаи гузашта соати 20:20 ва 20:35 дақиқа ду ҳолати убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддиро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, қочоқчиён  ба тарафи хизматчиёни харбӣ оташ кушоданд, ки байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Қочоқчиёни афғон ба чусту чолоки ва муқовимати сарҳадбонон ва кормандони КДАМ тоб оварда натавониста, дар натиҷа як нафар аз қочоқчиён безарар гардонида, боқимонда ба тарафи ҶИА фирор намуданд.  

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 28 кг маводи мухаддири ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК 7.62, тирдон бо 30 адад тирҳояш ва як адад милтиқи шикорӣ, ду адад камераи резини дарёфт ва мусодира карда шуд. 

Инчунин худи ҳамон шаб соати 22:40 дар минтақаи ОС “Ҳамадонӣ” ҳангоми убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир, сарҳадбонон мувофиқи Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, вайронкунии сарҳадро пешгирӣ намуданд. Дар натиҷа байни нарядӣ сарҳадӣ ва як гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон задухурди мусаллаҳонаи шадид ба амал меояд, ки дар натиҷаи он шахсони номаълуми қочоқбарон ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон баргаштанд.

Ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқчиён, 1 адад яроқи АК 7,62 бо 2 тирдон ва тирҳояш, 27 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ҷасадҳои шахсияташон номаълум ба намояндагони сарҳадии ҶИА супорида шуд.

Ҳамин тавр хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии Панҷ якҷоя бо кормандони ВКД амалиёти муштарак оиди пешгирии интиқоли қочоқи маводи мухаддирро аз ҶИА ба ҶТ пешгири карданд.

Дар натиҷаи амалиёт задухурди мусаллаҳона ба вуқуъ меояд, Ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади номаълум, 1 адад яроқи оташфишони қутраш 12 мм ва тахминан 20 кг маводи мухаддири бангдона дарёфт ва мусодира гардид.

Нисбати ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.