Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода рӯзи 28 июн бо вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов дидору гуфтушунид кард.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташакили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Қобили зикр аст, ки бори охир вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Зокир Алматов 19 сол пеш ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Тайи 20 соли ахир мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ ягон амалиёти муштарак нагузаронидаанд.

Чанде қабл дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ баргузор шуд. Дар ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои афзалиятноки Вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ ва амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, лоиҳаи байнидавлатии барномаҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023, иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардидаи Шӯро оид ба таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳангоми чорабиниҳои оммавӣ муҳокима гардид.

Ҳамчунин лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома оид ба ҳамкориҳои давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо аз 30 ноябри соли 2000, оид ба амалинамоии Қарори Шӯрои ВКД аз 6-уми сентябри соли 2016 «Дар бораи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ дар соҳаи муқовимат алайҳи шомилшавии шаҳрвандои давлатҳои ИДМ ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ» ва таҳия намудани феҳристи ташкилотҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, ки фаъолияташон дар ҳудуди давлатҳо - иштирокчиёни аъзои ИДМ манъ карда шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.