Дар Индекси глобалии амнияти кибернеткӣ-2017, ки аз ҷониби Иттифоқи байнулмилалии алоқаи барқӣ (ITU))-и СММ таҳия шудааст, миёни 194 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 91-ум (0,292 балл)-ро ишғол кардааст.

Аз нигоҳи таъмини амнияти кибернетикӣ миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон дар зинаи 7-ум қарор дорад: муаллифони гузориш амнияти кибернетикии кишвари моро аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Арманистону Туркманистон беҳтар медонанд.

Ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳо аз лиҳози таъмини бехатарии кибернетикӣ Сингапур, ИМА, Малайзия, Уммон, Эстония, Маврикий, Австралия, Гурҷистон, Фаронса ва Канада шомил шудаанд.

Русия зинаи 11-ум, Беларус – 39, Озарбойҷон – 48, Украина – 59, Молдова – 73, Қазоқистон – 83, Ӯзбекистон – 93, Қирғизистон – 97, Арманистон – 111 ва Туркманистон мақоми 132-юмро касб кардаанд.

Яман, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Гвинеяи Экваториалӣ дар сафи кишварҳои низомҳои ноамнтарини таъмини амнияти кибернетикӣ қарор гирифтаанд.

Коршиносони ITU кишварҳоро аз рӯи панҷ нишондиҳанда баҳогузорӣ кардаанд: тайёрии ҳуқуқӣ, техникӣ ва тадорукотӣ, омодагӣ ба ҳамкорӣ ва рушди имконоти маърифатӣ ва ҳуқуқӣ.