Кормандонии Агентии “Тоҷикстандарт” аз оғози сол беш аз 1 ҳазор тонна маҳсулоти ғайримутобиқ ба меъёрҳо ё муҳлати истифодаашон гузаштаву вайрон ва пастсифатро мусодира намуданд.

Тавре директори Агентӣ Ибодулло Қурбониён зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, миёни маҳсулоти хӯроквории мусодирашуда 71 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 339 тонна равғани растанӣ, 16 тонна маснӯоти макронӣ, 93 тонна маснӯоти қаннодӣ, 69 тонна маҳсулоти ширӣ, 66 тонна консерваҳо, 37 тонна чой, какао, қаҳва, 11 тонна иловаҳои гуногуни ғизойӣ, 10 тонна сабзавоту мева ва дигар маҳсулот ҷой дорад.

Ба гуфтаи Қурбониён, қисмати асосии ин маҳсулот аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шуда, нисбати таҳвилгарони маҳсулоти пастсифат ба кишвар чораҳо маъмурӣ андешида шудааст.

Ғайр аз ин, кормандони Агентӣ ҳудуди 2,5 ҳазор бозичаҳои пастсифати истеҳсоли Чинро низ мусодира намудаанд, ки тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ оварда шудааст.

Директори Агентӣ тавассути ВАО аз шаҳрвандонидаъват ба амал овард, ки дар бораи далелҳои фурӯши маҳсулоти пастсифат дар нуқтаҳои фурӯш ба ин ниҳод хабар диҳанд.

“Нозирони Агентӣ танҳо бо гузашти муҳлати муайян дар нуқтаҳои фурӯш санҷиш гузаронида метавонанд ва фурӯшандагон санаҳои дақиқи санҷишҳоро дониста, дар давраи байни ин санҷишҳо маҳсулоти пастсифатро ба фурӯш гузошта метавонанд, - шарҳ дод ӯ. - Дар давраҳои байни санҷишҳо кормандони мо танҳо баъди ворид шудани арзу шикоят аз ҷониби истеъмолгарон нуқтаҳои фурӯшро мавриди санҷиш қарор дода метавонанд”.