Мақомоти умури замини Тоҷикистон мегӯянд, дар ним соли охир дар ҷараёни музокирот бо ду ҳамсоякишвари Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз пешравиҳои муайян ҳосил шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи замин ва геодезии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 17 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, бо Қирғизистон дар заминаи таъйин ва аломатгузории 519,9 км хати сарҳад як созише ба имзо расид.

Гуфта мешавад, мақомоти ҳарду кишвар изҳор доштаанд, ки дар хати марзи ду кишвар беш аз 400 км марзи муштарак ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст ва дар ин масъала музокироти байни ду кишвар идома дорад.

Дар робита бо пешравиҳо дар гуфтушунид бо ҷониби Ӯзбекистон Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, мақомоти ду кишвар дар масъалаи 107 километр хати марз бо Узбакистон ба мувофиқа расида як созиш ҳам дар ин замина имзо шудааст ва миёни Тоҷикистон ва Узбакистон тақрибан 93 километр хати марзи баҳсӣ боқӣ монда, рӯзҳои наздик гуфтушуниди комиссиюни вижаи байниҳукуматӣ дар ин замина шурӯъ мешавад.

Қобили зикр аст, ки Илҳомҷон Неъматов, як масъули вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон дар филми мустанади сохтаи ин вазорат, ки 7 июл дар вебсайти ВКХ-и ин кишвар нашр шуд, гуфт, аз 1284 км марзи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 86 дарсади қаламраваш таъйин ва аломатгузорӣ шуда, сарнавишти 14 дарсади боқимондааш дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.