Аксҳои нави полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ки ҳамсари дуюм ва кӯдакаш ба назди ӯ рафтаанд.

Дар ду акси Гулмурод Ҳалимов, ки ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, духтари бузурги ӯ аз Ҳумайро Мирова дар канораш нишастааст. Дар ин аксҳо полковники фирорӣ бо мӯйҳои жулидаи хоси ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” духтари бузургашро дар бағалаш гирифтааст. Возеҳ нест, ки ин аксҳоро дар куҷо ва кай гирифтаанд.

Хонаводаи Ҳумайро Мирова гуфтаанд, дар як акси дигари Гулмурод Ҳалимов, ки охири соли гузашта нашр шуд, Муҳаммад, писари панҷсолаи ӯро шинохтаанд.

Шоҳназар Миров, бародари Ҳумайро Мирова иброз доштааст, ки аз рӯи аксҳо дигар шубҳае намонд, ки ӯ ба пеши шавҳараш расидааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ Ҳумайро бо наздиконаш тамос надошт.