Мақомоти милитсияи пойтахт, аз ҷумла воҳидҳои таъиноти махсус шаби гузашта бо бонги хатар ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ омода шуданд.

Дар Душанбе машқҳои кормандони мақомоти қудратӣ ҷараён доранд. Тибқи фарзияи машқҳо, вазифаи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ошкор намудан ва безарар гардонидани гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ дар мавзеъҳои шимоли пойтахт аст. Машқҳо дар қаламрави маҳаллаҳои Испечак ва Зарафшон гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохтори қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба ин машқҳо воҳидҳои нерӯҳои таъиноти махсус, кинологҳо, техникаи махсус, хизматчиёни воҳидҳои безараргардонии маводи тарканда (сапёрҳо), мерганҳо ва кормандони БДА сафарбар шудаанд.

«Мувофиқи фарзияи машқ, гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба қаламрави шаҳри Душанбе «ворид шуда», бояд миёни издиҳом нопадид гардад, - гуфт манбаъ. - Кормандони сохторҳои қудратӣ бояд онҳоро дарёфт ва безарар гардонанд. Машқҳо имрӯз ба итмом мерасанд».

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти РИА Новости, чанд рӯз қабл машқҳои хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он тарзу усулҳои ба иҳота гирифтан ва аз байн бурдани гурӯҳи ғайриқонунии ҷиноятпеша мавриди омӯзишу амал қарор гирифтааст.