Дар панҷ машқгоҳи вилояти Хатлон тамринҳои низомии зиддитеррористии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД оғоз мегардад.

Дар ин размоиш беш аз 5 ҳазор нафар сарбозону афсарон иштирок ва 64 адад авиатсияи ҷангӣ, 300 адад техникаи зиреҳпӯш ва артиллерия сафарбар мешавад. Дар ҷараёни машқҳо масъалаҳои ҳамкории мутақобилаи нерӯҳо дар ҳолати вуруди террористон аз Афғонистон ба Тоҷикистон мавриди омӯзишу таҷриба ва амал қарор мегиранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода дар ин робита иттилоъ дод, дар марҳилаи хотимавии тамринҳо аз шабакаҳои мушакии "Искандар-М” ба қароргоҳи террористони эҳтимолӣ мушакҳо партоб хоҳанд шуд.

Моҳи майи соли ҷорӣ шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-и Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар машқгоҳи «Лоҳур» ба самти ҳадафҳои аз ҷониби хадамоти иктишофӣ муайяншуда мушак партоб карда буданд.

Мушаки «Искандар-М» ба нобуд кардани ҳадаф дар масофаи то 500 километр қодир аст. Мушакҳо бо бузургтарин ҳавопаймоҳои ҳарбии боркаши Нерӯҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия «Руслан» ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Ба гуфтаи Ф.Маҳмадализода, ба ин тамринҳо воҳиду ҷузъу том ва техникаи ҳарбии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД аз Арманистону Беларус ва Қазоқистону Русия тариқи авиатсияи нақлиётӣ-ҳарбӣ ва нерӯҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон ба воситаи нақлиёти заминӣ интиқол дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.