Бо қарори Додгоҳи Олии Юнон як узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки тавассути Интерпол дар фурудгоҳи Атен боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод намешавад.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Додгоҳи олии Юнон дар қарори худ гуфтааст, ки бино ба сабаби дорои ангезаҳои сиёсӣ будани қазияи Мирзораҳим Кузов (Шоҳнаими Карим)-и 57-сола, ӯро ба ватан истирдод намекунад. Қозии додгоҳ Кузовро аз толори додгоҳ озод кард ва иттиҳоми ворида алайҳи Кузовро беасос донист. Дар ин мурофиа раҳбарияти ҳизб ҳам иштирок кардааст.
Бо истинод ба иттилои ҲНИТ зикр мегардад, ки , Шоҳнаими Карим аз он аъзои ҳизб аст, ки қабл аз ин рӯйдодҳо Тоҷикистонро тарк карда, тайи ду сол боз дар Туркияву Эрон ба сар мебурд. Шоҳнаими Карим соҳиби панҷ фарзанд аст ва хонаводааш дар Тоҷикистон қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава иштирок карда, рӯзи 22-юми сентябр ба кори худ анҷом дод. Рӯзи 9-уми октябр дар роҳи бозгашт аз Варшава ба самти Теҳрон, ӯ аз ҷониби марзбонони юнонӣ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атен боздошт шуд.
Шоҳнаими Карим бо вуҷуди онки чеҳраҳои матбуотӣ набуд, аз аъзои собиқадори ҲНИТ ба шумор рафта, дар солҳои гузашта “дасти рост”-и Саидабдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари аввали ин ҳизб будааст. Ӯ дар моҳи сентябри оли 2015 дар марҳилае, ки аъзои ҲНИТ дар навоҳию вилоятҳо мавриди таъқиб қарор доштанд, ба Русия ва аз онҷо ба Эрон рафтааст.
Какие проверки проходят водители автобусов в Таджикистане перед, тем как выйти в рейс?
Генпрокуроры Таджикистана и Турции обсудили задержание и экстрадицию таджикских граждан, находящихся в розыске
Синоптики: Завтра Таджикистан накроет пыльная буря
ЕБРР предоставляет банку «Арванд» кредит в размере $10 миллионов
Первый рейс по маршруту Душанбе – Тбилиси запланирован на 22 мая
Таджикские дальнобойщики в ожидании нового порядка перевозок через Узбекистан. Объясняем, почему он пока не работает
В Уголовный кодекс Таджикистана добавили статью о колдунах и гадалках
В Таджикистане завершается весенний сев, но чувствуется дефицит воды
Сколько таджикистанцев въехало в Россию в первом квартале 2024 года?
В Таджикистане запретили «Идгардак», носить чуждую национальную одежду и встречать паломников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста