Хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон рӯзи 16 апрел аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, қочоқчиёни афғон бо хизматчиёни ҳарбӣ рӯ ба рӯ ва борхалтаро дар назди иншоотҳои сарҳадӣ партофта, ба самти Афғонистон фирор намудаанд.
Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса тақрибан 20 кг маводи мухаддири навъи бангдона дарёфт ва мусодира шудааст.
Ҳамчунин қайд шуд, ки ҳангоми гузаронидани корҳои кофтуковӣ ва поксозии марзи давлатӣ дар минтақаи Отряди сарҳадии Шӯрообод, дар наздикии иншооти хати марзи давлатӣ махфиҳгоҳи махсус пайдо карда шуд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили он маводи нашъадори сахтаъсири героин тақрибан 5 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо тафтишот идома дорад.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста