Беш аз 450 нафар тоҷикистониён дар зиндонҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон адои ҷазо мекунанд, хабар доданд имрӯз ба журналистон дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Онҳо аз ҷониби судҳои маҳаллӣ барои иштирок дар сафҳои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳи мухолиф ба ҳукуматдорони қонунии ин кишварҳо маҳкум шудаанд.
«Ғайр аз ин, 470 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафҳои созмонҳои террористӣ дар ин кишварҳо ҷангидаанд, дар майдони набард кушта шудаанд», - қайд карданд дар Прокуратураи генералӣ.
Доир ба шумори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯз дар ин кишварҳо меҷанганд, маълумот дода нашуд.
Моҳи июни соли 2015 прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ва вохӯрӣ бо фаъолони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ иттилоъ дода буд, ки тақрибан 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои Давлати исломӣ қарор доранд, ки аксарияташонро ҷавонони синни аз 18 то 35-сола ташкил дода, 40 нафари онҳо оилаҳояшонро низ ҳамроҳи худ ба ин кишварҳо бурдаанд.
Тоҷикистонии аз ҳама маъруф, ки ба Сурия фирор намуда, ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов мебошад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.