Тӯли шаш моҳи соли равон дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон 17 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2018 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 39 амалиётҳои махсус, ки аз он 13 амалиёт бо КДАМ ҶТ ва 14 амалиёт бо дигар сохторҳо ва мақомотҳои қудратӣ гузаронида шуданд.
Гуфта мешавад, дар ин давра аз қочоқчиён ба миқдори 1 129 кг 331 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла: 70 кг 224 гр героин, 339 кг 416 гр афюн, 535 кг 914 гр ҳашиш, 183 кг 777 гр бангдона (канабис), 125 кг 850 гр маводҳои мадҳушкунанда дарёфт ва мусодира гардида, 208 228 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.
«Дар натиҷаи ин амалиётҳо 14 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 443 дона тирҳои қутраш гуногун, 3 адад маводи тарканда, 25 адад лавозимотҳои ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст», - омадааст дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин муддат бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 17 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шудаааст, ки дар натиҷа 7 нафар қочоқчиён нобуд ва 21 нафари дигар дастгир шуда, инчунин 19 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ карда шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.