Маълумот дар бораи гӯё аз ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтани ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави Афғонистон асоси воқеӣ надорад, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
“Мо ба ҳамлаи ҳавоӣ ба қаламрави бегона ҳуқуқ надорем. Агар ҳатто чунин зарурат пеш ояд ҳам, нахуст ситоди СААД даъват шуда, дар он масъалаи истифодаи нерӯ баррасӣ мешавад. Танҳо баъди машваратҳои тӯлонии мақомоти мудофиа метавонад чунин тасмим гирифта шавад”, - гуфт манбаъ.
Хабаргузории ТАСС бо истинод ба агентии афғонии Khaama Press иттилоъ дод, ки шаби якшанбе ба душанбе аз ҷониби ҳавопаймоҳои Нерӯҳои низомии ҳавоии Тоҷикистон ба ноҳияи Дарқади вилояти Тахор дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои агентӣ, ҳамлаи ҳавоӣ гӯё баъди задухӯрд рӯзи якшанбе байни нашъаҷаллобони эҳтимолии маҳаллӣ ва сарҳадбонони тоҷик анҷом дода шудааст. Тавре агентӣ қайд мекунад, бар асари задухӯрд ду сарҳадбон кушта шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти як манбаъ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон, рӯзи 26 август дар қитъаи байни дидбонгоҳҳои сарҳадии 3 ва 4-и Ҳамадонӣ автомашинаи тамғаи “Нива” аз он сӯи сарҳад мавриди тирпарронӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа сокинони ноҳияи Фархор - Амирхон Саидови 53-сола ва Давлат Сангакови 5-сола ҳалок ва Сафархон Раҳмонов захмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо ба сифати ҷангалбон кор мекарданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Кремль не увидел в санкционных угрозах Трампа ничего нового
МУС требует ареста лидеров «Талибан» за преследование женщин
Эмомали Собирзода сменил Шерали Мирзо: кто он, новый министр обороны Таджикистана, и какие проблемы ему предстоит решать?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 января 2025 года
Особенности таджикской свекрови: учит готовить, помогает с детьми, контролирует каждый шаг
Афиша от «Азия-Плюс»: «Летучая мышь», музыкальный джем от MUZA и комедия «Плутни Скапена»
Казахско-таджикский фильм примет участие в самом крупном азиатском киномаркете в Гонконге
FT: в Украине рассчитывают на размещение 50 тысяч миротворцев в стране в случае прекращения огня
В Душанбе задержан мужчина, обвиняемый в 12 эпизодах мошенничества
Кто такой Хабибулло Вохидзода, возможно, новый генпрокурор Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста