Дар размгоҳи ҳарбиву таълимии Чорухдайрон дар вилояти Суғд субҳи имрӯз нахустин дар таърихи муносибатҳои кишварҳо тамринҳои низомии сарбозону афсарони Тоқикистону Ӯзбекистон оғоз гардид.
Ба тамринҳо сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода ва муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон полковник Шавкат Икромов роҳбарӣ мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” тариқи телефон аз вилояти Суғд сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон майор Ориф Нозимов.
Дар тамринҳо, ки то 22 сенятбр идома меёбанд, сарбозону афсарони ҳарду кишвар масъалаҳои ҳамоҳангсозии амалҳоро ҳангоми баргузор намудани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ мавриди омӯзиш ва дар амал месанҷанд.
Мувофиқи фарзияи тамрин, Қувваҳои мусаллаҳи ҳарду кишвар бояд гурӯҳи террористонро, ки аз хориҷи кишвар ворид шуда, вазъро дар водии Фарғона бесуботу ноамн сохтанианд, иҳота ва нобуд созанд.
Дар ин машқҳо зиёда аз 100 нафар сарбозону афсарони артиши Ӯзбекистон бо аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбии худ иштирок мекунанд. Артиши Тоҷикистонро 500 нафар сарбозону афсарони гарнизони Суғд намояндагӣ мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Как распространяется корь и как предотвратить её?
В Германии пятерым таджикистанцам предъявлены обвинения в создании террористической организации
Сбор и сортировка мусора: Таджикистан принимает участие в «Евразийском Кубке Чистоты»
Задолженность по зарплате в Таджикистане превысила 2,5 млн долларов
Из 21 века в сказку древних времен. Интересные факты о «Худжандской крепости»
В Таджикистане свыше 142 тыс. сомони похищено при строительстве столовой в Центре тестирования
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста