Пули мошингард ва пиёдагард тариқи дарёи Панҷ, ки ноҳияи Шоҳин (собиқ Шӯрообод)-ро бо минтақаи шимоли Афғонистон мепайвандад, охири ҳафтаи гузашта боз шуд. Он аз ҷониби Тоҷикистон якҷониба наздики шаш моҳ пеш баста шуда буд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар доданд, ҳаракати нақлиёту равуои мардум тавассути ин пул бо дархости ҳукуматдорони Афғонистон дубора ба роҳ монда шуд.
“Алоқаи маҳаллаҳои аҳолинишини Афғонистон, ки дар он сӯи пул ҷойгиранд, бо сабаби тармафароиҳои зиёд аз қисмати марказии кишвар канда шуда, ба аҳолии ин минтақа гуруснагӣ таҳдид мекард”, - гуфтанд дар Қушӯнҳои сарҳадӣ.
Охири ҳафтаи гузашта бо дархости Кобули расмӣ ҳаракат тариқи ин пул боз шуда, автомашинаҳои боркаш бо молу маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум аз Тоҷикистон ба минтақаи шимоли Афғонистон равон шуданд.
Ёдрас мекунем, ки пул (купрӯк) тақрибан шаш моҳ пеш бинобар сабаби фаъол шудани ҷангиёни Толибон ва қочоқбарони маводи нашъаорвар дар он сӯи сарҳад баста шуд.
Сохтмони пули мазкури 180-метра аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, охири тобистони соли 2017 мавриди истифода қарор гирифт. Арзиши лоиҳа тақрибан 16 млн. евро арзёбӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Алматы наградили мужчину, спасшего заложницу в аэропорту
Что даст Центральной Азии транспортное развитие Афганистана?
Бизнес с женским лицом: как Шахло Ватанова строит текстильный бизнес и вдохновляет женщин
Трамп заявил, что Украина «может не выжить» даже при наличии помощи США
В Сирии убиты около тысячи алавитов-сторонников бывшего президента страны Башара Асада
Шараф Давлатмуродов одержал первую победу в лиге LFA
Стоимость утилизации автомобилей в Таджикистане возрастет до 16 тысяч сомони?
Молодая жительница Душанбе задержана за вымогательство
Верховный лидер Ирана отказался от переговоров с Трампом по новой ядерной сделке
В российский реестр контролируемых лиц попали 685 тысяч иностранцев
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста