Дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена рӯзи 19 июн ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба барномаҳои марбут ба мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳиммоти муқаррарӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.
Гуфта мешавад, дар ҳамоиш Сардори Раёсати қӯшунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Саёрабек Бачабекзода, ба ҳайси суханвари калидӣ, роҷеъ ба барномаҳои марбут ба маҳви захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ, нигаҳдории онҳо, инчунин лоиҳаҳои безараргардонии башардустонаи минаҳо дар Тоҷикистон гузориш ироа кард.
Зимни суханронии худ намояндаи аршади ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оид ба таҷрибаи ҳамкории мақомоти низомии кишвар бо САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи Барномаи мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2004-2009 иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки дар доираи барномаи мазкур 26 ҳазор мил силоҳи сабуки оташфишон ва 34 тонна муҳимоти ҷангӣ маҳв карда шуда, 9 анбори махсуси нигоҳдории силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ бунёд ва 60 анбори силоҳ таъмир карда шуданд.
Айни замон Тоҷикистон бо САҲА дар амри гузариши пурраи Вазорати мудофиаи кишвар ба низоми электронии баҳисобгирии захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти низомӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Генерал-майор Бачабекзода ба саҳми САҲА дар татбиқи Барномаи давлатии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид кард, ки аз соли 2009 то имрӯз ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва САҲА натиҷаҳои назаррас додаанд.
Масалан, таъсиси ротаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба поксозии 3 ҳазор км мураббаъ аз минаҳо, маҳви зиёда аз 16 ҳазор минаи зиддипиёдагард ва 3 ҳазор маводди гуногуни тарканда мусоидат кардааст.
Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати тавсеаи фаъолият дар ин раванд Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо мавриди татбиқ қарор дода шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Царский хорунжий, белый есаул, красный комкор. Кем был таджикистанский генерал Шапкин?
ООН создаст в Алматы центр по развитию Центразии и Афганистана
Международная коалиция по защите правозащитников осудила приговор таджикской журналистке Рухшоне Хакимовой
Таджикистан и Россия договорились расширить сотрудничество в аграрном секторе
В Узбекистане действуют более 310 предприятий с таджикским капиталом
В Краснодаре на улице обнаружили тело 17-летнего гражданина Таджикистана
5 доступных солнечных технологий, которые стоят меньше $300
Молодежные активисты, студенты и школьники-отличники будут получать стипендию мэра Душанбе
Лига арабских государств предложила план восстановления Газы на $53 млрд
В Свердловской области разгорается спор из-за предоставления жилья семье из Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста