Қарори ба шикори гургҳо сафарбар кардани воҳиди баргузидаи дастаи таъиноти махсус аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар вилоят қабул шудааст.
Тавре хадамоти матбуоти раиси ВМКБ хабар медиҳад, як гурӯҳи ҷангиёни дастаи таъиноти махсуси “Алфа”-и КДАМ Тоҷикистон бо силоҳи махсуси шикорӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Ҷангиён барои нобуд кардани гургҳо дар қаламрави ҷамоатҳои Поршинев, Сучон, Навобод, Вер, Ванқалъа, Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, Тусиён, Роштқалъа, Қурбоншо Гадолӣ, Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва Пастхуф, Рӯшон, Назаршо Додихудоев, Абдулвосеъи ноҳияи Рӯшон сафарбар шудаанд.
Бино ба маълумоти дастгоҳи раиси вилоят, дар як қатор ҷамоатҳои ВМКБ шумори гургҳо хеле зиёд шуда, онҳо ба амнияту саломатии аҳолӣ хатар эҷод мекунанд. Соли 2018 гургҳо ду сокини ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнонро кушта буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста