Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон изҳор медоранд, ки шаби гузашта аз самти Қирғизистон бо истифода аз камони шикорӣ ба ҷониби мошини шахсии корманди ШВКД-2 шаҳри Исфара тир холӣ карда шуд. “Дар сурати такрор шудани ҳолатҳои мазкур тамоми масъулият ба дӯши мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя хоҳад буд”, - омадааст дар баёнияи марзбонони тоҷик.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи шаби 9 ба 10-уми январ миёни сокинони тоҷику қирғиз дар минтақаи ҳаммарзи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара изҳорот нашр кардааст.
“Шоми 9-уми январи соли 2020 гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди ҶҚ, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд, дар назди хонаи сокини маҳаллӣ Абдулаев Султанбек Исмаилович ва бинои Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии Коктош ҷамъ омада, барои аз роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод карданд. Тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи «Мерседес бенс»-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд”, - омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, ки дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00.10 дақиқа сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг заданд.
Намояндагони ШВКД-2 шаҳри Исфара ва ШВКД ноҳияи Бодканд сари вақт ба макони ҳодиса ҳозир шуда, вазъиятро зери назорат гирифтанд.
Дар идомаи изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон навишта шудааст, ки тақрибан соати 02.00 дақиқаи 10-уми январи соли 2020 сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсой бо истифода аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд. Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳар ду ҷониб, тахминан соати 02:30 иғвогарии мазкур қатъ карда шуд.
“Бо вуҷуди ин, тахминан соати 04 аз самти Қирғизистон бо истифода аз камони шикорӣ ба ҷониби автомошинаи шахсии корманди ШВКД-2 шаҳри Исфара Икромзода Фарҳод тир холӣ карда шуд. Хушбахтона, тир ба дари автомошина бархӯрда, ба худи ронанда зарари ҷисмонӣ нарасидааст”, - омадааст дар баёния.
Зикр мегардад, ки айни замон тирпарронӣ қатъ гардида, вазъият зери назорат қарор дорад ва гурӯҳи тафтишотии муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон барои муайян кардани сабабу омилҳои муноқиша фаъолият доранд.
“Боиси нигаронист, ки вақтҳои охир аз тарафи шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон истифодаи камони шикорӣ тамоюл ба афзоиш оварда, ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Аз ҷумла, 29-уми декабри соли 2019 сокини деҳаи Сомониён Сафарова Т. ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифт. Бинобар ин, тарафи Тоҷикистон изҳор менамояд, ки дар сурати такрор шудани ҳолатҳои мазкур тамоми масъулият ба дӯши мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя хоҳад буд”, - изҳор доштаанд марзбонони тоҷик.
Аммо дар баёнияи марбут ба ин қазия нашркардаи Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон гуфта мешавад, ки соати 00.40-и шаби 9 ба 10 январ дар мавзеи Жака-Оруқи ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд шахсони номаълум ба мошини шаҳрванди Қирғизистон, ки ба шаҳри Ботканд равона буд, сангпартоӣ карда, дар қаламрави Тоҷикистон пинҳон шудаанд. Тақрибан баъд аз як соат дар мавзеи Кочо-Карин шаҳрвандони Тоҷикистон ба мошини дигар шаҳрванди Қирғизистон, ки аз Ботканд ба деҳаи Кӯк-Тош мерафт, сангпартоӣ карда, шишаи пеши онро шикастаанд.
“Тахминан соати 2.40 шаҳрвандони Тоҷикистон сӯйи манзили шаҳрванди Қирғизистон дар мавзеи Даҳма сангпартоӣ карданд. Ба сӯи сарҳадбонон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба хонаи шаҳрванди Қирғизистон мерафтанд, аз ҷониби Тоҷикистон тирпарронӣ аз силоҳи шикорӣ сурат пазируфт. Тирпарронӣ бо танаффус идома ёфта, танҳо аз ҷониби Тоҷикистон анҷом дода шуд”, - қайд мекунад Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади ҳамсоякишварҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин харитаи интерактивии мо “нуқтаҳои доғ”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бо зикри низоъҳои охир ва сабаби онҳо нишон дода шудаанд. Ҳамчунин дар харита постгоҳҳои назоратӣ зикр гардидаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.