Моҳи феврал ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ду вохӯрӣ мегузаронанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба ҷараёни гуфтушунидҳо хабар дод, ин масъала зери назорати сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков қарор дорад.
“Айни замон ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ин масъала умедворкунанда аст, чунки ҷараёни онро шахсан сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон зери назорат гирифтаанд”, - қайд кард манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, вохӯрии аввали ҳайатҳо таҳти роҳбарии муовинони сарвазири кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Жениш Раззоқов охири ҳафтаи гузашта дар Исфара доир гардида, вохӯрии дуюм рӯзҳои 14-15 феврал дар Бишкек ба нақша гирифта шудааст.
Дар вохӯрии Исфара ҷонибҳо қайд карданд, ки байни Душанбе ва Бишкек барои ҳалли масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ бо мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад.
Тавре қаблан зикр гардида буд, аз рӯйи натиҷаҳои 6 вохӯрӣ 134 харитаи топографӣ таҳия шуданд. Гурӯҳҳои корӣ 120 километр қитъаи сарҳадро таҳқиқ карда, ба хулосае расиданд, ки дар ҳамаи харитаҳо 114 километр дуруст нишон дода шудааст.
Гурӯҳҳои кории топографӣ бояд то 1-уми марти соли 2020 вариантҳои мувофиқашудаи ивази мутақобилаи баробарандозаи қитъаҳои заминро байни ноҳияи Ботканд ва шаҳри Исфара дар Самарқандак ва Кӯк-Тош таҳия созанд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста