Тамринҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон “Иттиҳод-2020” муваффақона анҷом пазируфт. Ин тамринҳо 11-14 март дар машқгоҳи ҳарбии “Фахробод” гузаронида шуданд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар тамринҳо намояндагони воҳидҳои амалиёти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва воҳидҳои гуногуни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҷараёни баргузории тамринҳоро вазирони мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Шералӣ Мирзо ва Баҳодур Қурбонов мушоҳида карданд.

1/7

Дар тамринҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон амалиёти намояндагони артиши ҳар ду кишвар оид ба иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор гирифт.

Дар анҷоми тамринҳо ба низомиёни ҳар ду кишвар аз номи вазирони мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон туҳфаҳои арзишманд тақдим шуданд. Вазирони мудофиаи кишварҳо таъкид доштанд, ки баргузории чунин тамринҳо ба баланд бардоштани иқтидори ҷангии артишҳо мусоидат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.