Талафоти ҳамасолаи Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои обхезӣ ва заминларзаҳо 400 млн долларро ташкил медиҳад, гуфта мешавад дар блоги директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук.
Ӯ қайд мекунад, ки теъдоди ҷабрдидагон аз ин офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол то ба 500 ҳазор нафар мерасад.
Ба сурати умум, таъкид месозад намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ҳамасола 10 млрд доллар зарар мебинанд.

Бурунчук навиштааст, ки корти заминларзаҳои ҳармоҳа дар минтақа, ки “пур аз нуқтаҳои сурх аст”, касро ба ҳайрат меорад.

“Ба ҷуз заминларза, ҳамасола ба ин минтақа ҳодисаҳои фаромадани ярчу сел ва тарма, обхезӣ ва беҳад болоравии ҳарорат низ таҳдид мекунанд”, - гуфтааст Лилия Бурунчук.
Дар мавод таъкид мешавад, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳамасола дар минтақа то 3 млн кас зиён мебинанд, ки нисфи онҳо дар Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд.
Қайд мешавад, ки кишварҳои минтақа баҳри ҳалли ин мушкилот як қатор тадбирҳо меандешанд, лекин дар сатҳи тамоми минтақа талошҳои бештар лозим аст.
“Ин натанҳо маълумоти оморист, балки онҳо одамоне ҳастанд, ки ҳалок мешаванд, наздикони худро аз даст медиҳанд, ҷароҳатҳои вазнин бардошта зарарҳои зиёд мебинанд”, - менависад ӯ.
Ӯ корҳо оид ба омодагӣ ба офатҳои таибиӣ ва вокуниши фавриро, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар минтақа гузаронида мешаванд, зикр намуда, лекин онро кофӣ намешуморад.
“Пандемияи COVID-19 натанҳо зарурати ҳамкории бештар зичу пурсамари кишварҳои минтақаро рӯйи кор овард, балки имконоти онро зиёдтар кард. Корҳои ошкор ва таҳқиқи пайдоиши хавфҳои гуногун сармоягузориҳои минбаъдаро тақозо мекунанд. Идомаи ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои коҳиш ё ба ҳадди пасттарин расонидани ин хавфҳо, аз ҷумла хатари пандемия, ки имкони такроршавии он дар оянда хеле баланд мебошад, зарур аст”, - гуфтааст Бурунчук.
Дар фарҷом ӯ илова кардааст, ки масъалаи идоракуниии офатҳои табиӣ бояд аз ҷумлаи афзалиятҳо боқӣ монад, то ки амният ва рушди минтақа, ки аз фарҳанги гуногун ва зебоиҳои табиат ғаниву ҷолиб аст, таъмин шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
10 самых неочевидных вопросов, которые могут возникнуть у постящихся в месяц Рамазан
Гафур Шерматов выпустил книгу о выдающихся людях, похороненных на православном кладбище в Душанбе
Какую погоду ожидать в Таджикистане 8 марта?
Таджикистан в списке «худших» по уровню свободы и прав
ФАО поможет таджикистанцам бороться с лишним весом
«Оскар-2025»: Фильм «Анора» забрал пять статуэток, став главным триумфатором премии
Спикер «Талибана» назвал «дезинформацией» слова Трампа о контроле Китая над авиабазой Баграм
Власти Душанбе усилили контроль за ценами на продукты в месяц Рамазан
Сияние высокой звезды. К 85-летию академика Бахрома Сирожева
В Таджикистане объявлен конкурс на президентские гранты для ремесленников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста