Шӯрӯъ аз имрӯз фазои Тоҷикистонро чангу ғубор фаро гирифт, ҳамзамон ҳарорат то 10 дараҷа поин рафта, бахусус обуҳавои минтақаҳои ҷануби кишвар хеле зиёд чангу ғуборолуд шуд.
Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 10, 11 ва нимаи аввали рӯзи 12-уми ноябр дар вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: ш. Душанбе, ш. Ваҳдат, н.Ҳисор, ш.Турсунзода, н.Рӯдакӣ бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз тарафи ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муалақ (чанг) боқӣ мемонад.
Аз ин рӯ, ба шаҳрвандон тавсия дода шудааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.
Гуфта мешавад, ин вазъият ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Табибон қайд мекунанд, ки ҳавои ғуборолуд барои роҳҳои нафас зарарнок буда, тавсия медиҳанд, ки ниқобҳои тиббӣ истифода шавад ё даҳону биниро бо латтаи тар пӯшонидан лозим аст. Ҳамчунин барои ҳифзи чашмон аз хокбориш айнак пӯшидан зарур аст.
“Ин гуна ҳаво барои шахсони ҳассос (аллергик) ва афроди гирифтори бемориҳои роҳи нафас, бахусус, диққи нафас (бронхиальная астма), кӯдакон ва шахсони калонсол, ки аз касалиҳои дилу раг азият мекашанд, хатарнок аст”, - қаблан иброз дошт ба “Азия-Плюс” Тоҷилло Олимов, коромӯз (ассистент)-и кафедраи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинии Пажуҳишгоҳи таҳсили баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ.
Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳаво ба дарди сар, нафастангӣ, мушкил ва ҳатто бозистии нафасгирӣ боис шуда метавонад. Барои пешгирӣ гулӯ ва биниро бо маҳлули намак шустан лозим аст. Ҳангоми ба кӯча баромадан истифода аз ниқоби докагӣ зарур аст. Ниқобро намнок кардан беҳтар мебошад.
Дар ҳавои пурғубор ба шахсони солимиашон заиф гаштугузори камтар дар кӯчаҳо, пӯшида нигоҳ доштани тирезаҳо, истифодаи таҷҳизоти ҳавософкун, кам кардани кору машқҳои ҷисмонӣ ва истеъмоли ҳарчи бештари нӯшокиҳоро тавсия мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчи бештар истеъмоли маҳсулоти дорои маводи антиоксидант - сабзавоту кабудӣ, қот, моҳӣ ва равғани зайтун аз манфиат холӣ нест.
Ҳамзамон бо ин оддитарин тавсияҳо ҳам пешниҳод шудааст, ки риояи онҳо ва иҷрои онҳо одамонро аз ҳодисаҳои нохуш нигоҳ медорад:
1. Ниқоб кашидан ба рӯй;
2. Бештар оби тоза нӯшидан, на камтар аз 2-2,5 литр;
3. Аз рӯи имконият дар ҷойи кор истифода кардан аз ҳавополоҳо;
4. Тӯли рӯз 2-3 пиёла чойи хуштамъи кабуд нӯшидан;
5. То ҳадди имкон пӯшидани тирезаи хонаҳо. Агар шумо ба ҳар ҳол тасмим гирифтед, ки бояд ҳавои хонаро тоза кард, метавон тирезаҳои бозро аз вуруди ғубор бо дока ё тӯри москитӣ ҳимоя кард;
6. Рӯбучин ва тозакунии намноки хона тавсия дода мешавад;
7. Табибон пӯшидани ҳама гуна айнакҳо (линзаҳо)-ро тавсия намедиҳанд.
Барои касоне, ки аз бемории диққи нафас азият мекашанд;
- кам накардани меъёри таъиншудаи доруҳо;
- ҳамеша бо худ доштани ингаляторҳо;
- агар талабот ба ингаляторҳо дар як рӯз беш аз 4-6 маротиба шавадуд, фавран ба духтур муроҷиат кардан.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.