Бар асари даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ хисори бузурге дидааст. Дар ин деҳа ҳудуди 15 хона комилан ба коми оташ рафтааст. 

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса гузориш медиҳад, ки занону кӯдакони ин деҳа то кунун ба деҳа барнагаштаанд. Бино ба гуфтаи хабарнигори мо, ба нақли қавл аз сокинони деҳа, дар рӯзҳои аввали даргирӣ хонаҳои онҳоро бо миномиёту снайперу дигар силоҳҳои сангини оташфишон мавриди ҳуҷум қарор додаанд, ки сӯхтаву хокистар шудаанд. 

Сокинон ба хабарнигорон гуфтаанд, ки дар деҳаи қирғизнишини паҳлӯи мо Кок -Тош, ки тақрибан хонаҳомон бо ҳам часпидаанд, ҳеч хонаи аз онҳоро ҷониби мо оташ назадааст.

Сокинон мегӯянд, вақте хонаҳо оташ гирифтанд онҳо талош кардаанд, ки сӯхторро хомӯш кунанд, вале аз ҷониби Қирғизистон, ки дар баландӣ ҷойгир буданд бо снайпер онҳоро ҳадафи ҳамла қарор медоданд, барои ҳамин натавонистанд, ки хонаҳои худро аз оташсӯзӣ наҷот бидиҳанд.

1/40

Ҷониби Тоҷикистон то кунун маълумоти расмии хонаҳои сӯхта дар Исфараро пешниҳод накардааст, вале хабарнигори мо мегӯяд дар маҳаллаҳои Сомониёну Хоҷаи Аълои Чоркӯҳ бештар аз 20 хона ба коми оташ рафтааст.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин даргириҳо 78 хонаи сокинони деҳаҳои онҳо ба коми оташ рафтааст.